MATIN BLOG
Блоги муаллифи аз Матин Муҳиддинов
Дар кӯчаи Айни 48, дар байни «Чордома» ва меҳмонхонаи «Хилтон», маркази бозиҳои кӯдаконаи «Game City» кушода шуд.
Масоҳати умумии марказ 1500 метри мураббаъ буда, дар ин ҷо намудҳои гуногуни бозиҳо барои кӯдакони синну соли гуногун мавҷуданд.
Кӯдаки шумо дар ин ҷо бешубҳа дилгир намешавад! Чӣ тавре ки мебинед, шумораи бозиҳо хеле зиёд аст. Ҳатто барои кӯдакони хурдсол ҳам ҷойи махсуси бозӣ мавҷуд аст.
Агар мехоҳед фарзандатон ҳам бозӣ кунад ва ҳам вақти хуб гузаронад, «Game City» метавонад як варианти хуб бошад.
Тамом, Худо ҳофиз…
Дар маҳаллаи Қазоқон-2 мағозаи нави «Релакс» ба фаъолият оғоз кард. 🎉
Дар рӯзи ифтитоҳ барои меҳмонон барномаҳои шавқовар, фазои идона ва пешниҳодҳои махсус омода шуда буданд.
Дар ин ҷо шумо метавонед аз байни навъҳои зиёди молу маҳсулоти босифат бо нархҳои дастрас интихоби худро анҷом диҳед.
📍Суроға: маҳаллаи Қазоқон-2
Шумо аллакай ба ин филиал рафтаед? Назаратонро дар шарҳҳо нависед.
Аввалин KFC дар шаҳри Бохтар расман дарҳои худро боз кард! 🍗🎉
Акнун сокинон ва меҳмонони шаҳр метавонанд дар фазои замонавӣ ва бароҳат аз таъми хӯрокҳои дӯстдоштаи KFC баҳра баранд. Филиал дорои толори васеъ бо 120 ҷойи нишаст буда, барои истироҳат бо аҳли оила, дӯстон ва наздикон муҳити муносиб фароҳам меорад.
📍Суроға: маҳаллаи 14-ум, рӯ ба рӯи «Тоҷикстандарт».
Шумо аллакай аз ин филиал дидан кардед? Таассуроти худро дар шарҳҳо нависед.
Мағозаи «1001 Ашё» — шаҳри Душанбе, назди гардиши 82, рӯ ба рӯи «Пайкар».
Дар мағоза аксияи калон ҷараён дорад! Ба садҳо намуди маҳсулот тахфифҳои аз 10% то 50% пешниҳод мешаванд. Агар барои хона, ошхона, кӯдакон ё таъмири хона чизе лозим бошад, ҳозир фурсати хуб барои харид аст.
Ба мағоза биёед, маҳсулоти лозимаатонро интихоб кунед ва аз тахфифҳои махсус истифода баред. Аксия муддати маҳдуд идома мекунад.
Имрӯз Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои маъруфи ҳунару ҳаҷвро аз даст дод. Ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов (Ғарибшо) дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Солҳои зиёд ӯ бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва ҳунари нотакрораш ба мардум ханда ва хотираҳои нек бахшида буд. Ба гуфтаи наздиконаш, сабаби даргузашташ паст шудани фишори хун будааст.
Аз номи худ ба пайвандон, дӯстону ҳамкорон ва тамоми дӯстдорони ҳунари марҳум изҳори ҳамдардии амиқ менамоям. Худованд ӯро раҳмату мағфират кунад, ҷояшро ҷаннат гардонад ва ба наздиконаш сабри ҷамил ато фармояд.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. 🤲🕊️
Дар сафари худ ба шаҳри Марғилони Ӯзбекистон аз фабрикаи машҳури «Ёдгорлик» дидан кардем. Ин ҷо тамоми раванди тайёр шудани абрешими табиӣ – аз пиллаи кирмаки абрешим то либосҳои миллӣ ва қолинҳои дастибофро бо чашми худ мебинед.
Аз ҳама бештар маро сифати кор ва меҳнати устоҳо ба ҳайрат овард. Ҳар як маҳсулот бо сабр ва маҳорати баланд омода мешавад. Баъзе қолинҳои дастибоф бошад, то 5 000 доллар арзиш доранд.
Шумо чӣ фикр доред, чунин нарх барои меҳнати дастӣ арзанда аст?
Қаҳрамони хурдсол — Хизир Дербичев, ҳамагӣ 8-сола, барои наҷот додани дӯсташ худро ба дарё партофт. Ӯ тавонист ҷони дӯсташро наҷот диҳад, аммо худаш ба ҳалокат расид.
Ҷустуҷӯи ӯ ҳашт рӯз идома кард ва баъдан ҷасади ин кӯдаки шуҷоъро чанд километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд.
Дар маросими видоъ ва ҷанозаи Хизир ҳазорҳо нафар иштирок карданд. Имрӯз тамоми мардуми Ингушистон аз дарди ин талафоти сангин ғамгинанд.
Мо, мардуми Тоҷикистон низ, бо бародарони ингуши худ ҳамдардем ва ин ғамро бо онҳо тақсим мекунем.
Номи Хизир ҳамчун рамзи ҷасорат, инсонгарӣ ва фидокорӣ дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд.
Худованд ӯро ғарқи раҳмати худ гардонад ва ҷойгоҳашро ҷаннат насиб созад. 🤲🕊️
Дар Душанбе боз як мағозаи нави молҳои рӯзгор кушода шуд.
Мағоза дар маҳаллаи 33-юм, кӯчаи Ҳилолӣ 73 ҷойгир буда, маҳсулотро мустақиман аз шаҳри Гуанчжоу ворид мекунад. Бо шарофати он ки маҳсулот аз дасти аввал пешниҳод мешавад, нархҳо хеле дастрас буда, аз ҳамагӣ 1 сомонӣ оғоз меёбанд.
Click here to claim your Sponsored Listing.