Itminon Insurance

Itminon Insurance

Share

ООО « Страховая Компания « Итминон»

Все виды страхования

27/06/2026

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз! 🇹🇯✨
27 июн — яке аз санаҳои муҳимтарин дар таърихи нави давлатдории мост. Ин рӯз рамзи сулҳ, осоиштагӣ ва сарҷамъии миллати хонадони мо мебошад. Ваҳдат таҳкурсии мустаҳкамест, ки дар он ояндаи обод, рушди кишвар ва суботи соҳибкорӣ бино меёбад.
Ташкилоти суғуртавии «Итминон» тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин ҷашни бузург чил аз сидқи дил табрик мегӯяд! Ба ҳар як хонадон саломатии бардавом, файзу баракат, хотирҷамъӣ ва осмони софу беғуборро таманно дорем.
Бигзор дар ватани маҳбуби мо ҳамеша сулҳу субот ва шукуфоӣ пойдор бошад!

Photos from Itminon Insurance 's post 26/06/2026

Саҳми ҶДММ ТС «Итминон» дар Форуми саводнокии молиявӣ
Санаи 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид, ки бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва бо иштироки васеи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд сурат гирифт. Чорабинӣ дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №75 «Дар бораи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» баргузор гардид.
ҶДММ Ташкилоти суғуртавии «Итминон» дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзида, бо пешниҳоди маводҳои иттилоотӣ ва машваратҳои муфид саҳми назаррас гузошт. Намояндагони ширкат бо иштирокчиён суҳбатҳои мустақим анҷом дода, дар мавзӯъҳои марбут ба баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, истифодаи дурусти хизматрасониҳои суғуртавӣ ва имкониятҳои нави молиявӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар рафти намоиш, Ташкилоти суғуртавии «Итминон» на танҳо хизматрасониҳои суғуртавии худро муаррифӣ кард, балки ба саволҳои шаҳрвандон посух дода, маслиҳатҳои амалӣ оид ба интихоби маҳсулоти молиявӣ ва роҳҳои ҳифзи манфиатҳои молиявии шахсӣ пешниҳод намуд. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии молиявии аҳолӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон ба истифодаи хизматрасониҳои муосири суғуртавӣ мусоидат намуд.
Фестивал бо барномаи фарҳангиву фароғатӣ ва викторинаҳо оид ба саводнокии молиявӣ анҷом ёфт, ки ба иштирокчиён имконият доданд донишҳои худро санҷида, дар муҳити дӯстона ва ҳамкорона маълумоти нав ба даст оранд.

09/05/2026

С Днем Великой Победы!

В этот светлый и торжественный день компания «Итминон» выражает глубокое почтение и благодарность всем ветеранам за мирное небо и героический подвиг.

Победа — это символ мужества, единства и твердой веры в будущее. Эти ценности близки нам и сегодня. Мы желаем вам и вашим близким крепкого здоровья, стабильности и уверенности в завтрашнем дне. Пусть в ваших домах всегда царит спокойствие, а над головой будет мирное, ясное небо.

С праздником! С 9 Мая!

Photos from Itminon Insurance 's post 08/05/2026

Чорабинии баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Дар идомаи иқдомҳои густурдаи Бонки Миллии Тоҷикистон ва шарикони рушд оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, санаи 8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Ин иқдом давоми силсилаи чорабиниҳоест, ки дар доираи фестивали «Саводнокии молиявӣ», аз 1 майи соли ҷорӣ оғоз ёфта, бо иштироки фаъолонаи мутахассисони ҶДММ Ташкилоти суғуртавии «Итминон» сурат гирифт.
Дар ҷараёни чорабинӣ, намояндагони ҶДММ Ташкилоти суғуртавии «Итминон» бо донишҷӯён мубодилаи назар намуда, намоиши хизматрасониҳои суғуртавиро ташкил карданд. Ба иштирокчиён афзалиятҳои суғурта, тартиби бастани шартнома, аҳамияти пардохтҳои ғайринақдӣ ва нақши онҳо дар таъмини шаффофият ва амнияти молиявӣ шарҳ дода шуд. Донишҷӯён бо маводи иттилоотӣ ва мисолҳои амалӣ таъмин гардида, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфассал ва асоснок пешниҳод гардид.
Чорабинӣ бо муҳокимаи фаъол ва мубодилаи назарҳо анҷом ёфт. Донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои истифодаи донишҳои молиявӣ ва хизматрасониҳои суғуртавӣ дар ҳаёти шахсӣ ва касбӣ баён карданд.

Photos from Itminon Insurance 's post 02/05/2026

Пресс-релиз
Душанбе, 1 майи соли 2026

Имрӯз, директори ҶДММ Ташкилоти Суғуртавии «Итминон» Эсоев Илҳом Толибович бо даъвати Бонки Миллии Тоҷикистон ддар фестивали «Саводнокии молиявӣ» иштирок намуд. Чорабинӣ дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонaи санъат ба номи Одина Ҳошим» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ, занони соҳибкор, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии мамлакат, инчунин шарикони рушд сурат гирифт.

Фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №75 «Дар бораи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ташкил гардид.

Photos from Itminon Insurance 's post 01/05/2026

Дар доираи фестивал форуми саводнокии молиявӣ бо суханронии роҳбарият ва мутахассисони Бонки Миллии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ баргузор шуда, мавзӯъҳои муҳими низоми молиявӣ, аз ҷумла рушди хизматрасониҳои рақамӣ, пешгирии амалҳои қаллобии молиявӣ ва дастгирии занони соҳибкор баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, намоиши хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ, барномаи фарҳангиву фароғатӣ ва викторинаҳои мавзӯӣ барои аҳолӣ баргузор шуданд.

Илова бар ин, маросими тантанавии ҷамъбасти натиҷаи озмуни «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор» низ баргузор гардид.

ҶДММ Ташкилоти Суғуртавии «Итминон» бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ саҳм гузошт, то сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ боло рафта, дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосири суғуртавӣ ва молиявӣ васеъ гардад.

Бо эҳтиром,
ҶДММ Ташкилоти Суғуртавии «Итминон»

Photos from Itminon Insurance 's post 28/04/2026

САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР МУҲИТИ ДОНИШҶӮЁНИ ТИББ

Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва иҷрои ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ шудааст, кишвари мо ҳамасола дар чорабиниҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок менамояд. Дар ин замина, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии наврасон ва ҷавонон дар ҷаҳон «Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ» (Global Money Week) баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола аз 1 то 30 апрел «Моҳи саводнокии молиявӣ» эълон гардида, барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии кишвар чорабиниҳои маърифатӣ роҳандозӣ мешаванд.
Санаи 27 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳ бо ҳамкорӣ бо ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Итминон» вохӯрии омузишӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии донишҷӯён буд. Дар рафти вохӯрӣ ба донишҷӯён мавзӯи «Суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳолатҳои нохуш ва Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ» муаррифӣ гардид. Чорабиниҳои маърифатӣ махсусан барои хатмкунандагони донишгоҳ роҳандозӣ шуда, ба онҳо афзалиятҳои суғурта, аҳамияти пардохти ғайринақдӣ ва нақши он дар таъмини шаффофият ва амнияти молиявӣ шарҳ дода шуд. Иштирокчиён бо мисолҳои амалӣ ва маводи иттилоотӣ таъмин гардида, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфассал ва асоснок пешниҳод гардид.
Дар охири чорабинӣ донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои истифодаи хизматрасониҳои суғуртавӣ дар ҳаёти шахсӣ ва касбӣ баён карданд. Вохӯрӣ бо муҳокимаи фаъол, мубодилаи назарҳо ва тавсияҳои муфид анҷом ёфт, ки ин далели баланд шудани сатҳи огоҳии молиявӣ ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба масъалаҳои суғурта мебошад.

Photos from Itminon Insurance 's post 30/03/2026

Инвестиции в будущее: среди выпускников Государственного медицинского университета Таджикистана «Таджикский государственный медицинский университет имени Абуали ибн Сино» прошел семинар по страховой грамотности
Состоялось просветительское мероприятие, посвященное актуальным вопросам добровольного медицинского страхования (ДМС) и страхования от несчастных случаев. Целью встречи стало повышение финансовой грамотности молодежи и формирование ответственного отношения к собственному здоровью.
В ходе мероприятия были разобраны ключевые блоки:
• ДМС как стандарт качества жизни: студенты узнали, как работает система частной медицины, в чем преимущества сетевых клиник и как правильно выбирать страховой полис при трудоустройстве.
• Защита при несчастных случаях: эксперты разъяснили алгоритм действий при получении травм, специфику выплат и важность страхования для тех, кто занимается спортом или ведет активный образ жизни.
• Юридические тонкости: спикеры подробно остановились на правах застрахованных и правилах чтения договора, чтобы избежать «подводных камней».
Мероприятие завершилось практическим кейс-стади, где студенты в группах моделировали страховые случаи и учились рассчитывать страховое покрытие.
Подобные встречи помогают будущим специалистам уверенно ориентироваться в современных финансовых инструментах.

11/03/2026

«Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

Хама сола 15 март дар тамоми ҷаҳон рузи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1960 ташкилоти ғайритиҷоратии Consumers International (CI) таъсис дода шуд. Ташкилот зиёда аз 60 сол боз фаъолият мекунад. Вай қариб дусад ташкилоти ҷамъиятию давлатиро оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва зиёда аз ҳафтод давлати тараққикардаи демократӣро муттахид менамояд.

Consumers International дар ЮНЕСКО ва СММ ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро ҳимоя мекунад, кӯмаки таълимӣ ва ҳуқуқӣ мерасонад.

Want your business to be the top-listed Finance Company in Dushanbe?
Click here to claim your Sponsored Listing.

Address

Пушкина 3/2
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Itminon Insurance posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Subscribe

We will notify you when anything happens in Dushanbe.